TikTok ва YouTube – бар ивази “Раҳмат” 

Муштариёни ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои истифодаи холҳои бонусие, ки дар доираи барномаи “Раҳмат” ба даст овардаанд, 13 имконияти нав пайдо карданд. Бастаҳои махсус барои YouTube ва Tik Tok аз ҷумлаи онҳо ҳастанд. 

Муштариён ба таври автоматӣ дар лаҳзаи пайвастшавӣ ба шабакаи оператор иштирокчии барномаи бонусии “Раҳмат” мешаванд. Баъдан бо истифодаи мунтазами алоқа онҳо холҳои бонусиеро ба даст меоранд, ки баъдан метавонанд ба мукофотҳо – дақиқаҳо ба самтҳои байналмилалӣ, трафики интернет ё СМС иваз намоянд. Барои ҳар 5 сомонии барои хизматрасониҳои алоқа сарфшуда ба муштарӣ 1 хол дода мешавад. Инчунин дастраскунии холҳо ҳангоми пардохти дилхоҳ харидҳо бо ёрии QR-рамзи замимаи мобилии “МегаФон Life” ва дар рӯзи таваллуди худ имконпазир аст. Иштирок дар барномаи “Раҳмат” ройгон аст. 

Бо назардошти талаботи муштариёни рақамӣ оператор ба шартҳои барномаи бонусӣ тағйирот ворид намуд. Бисёре аз бастаҳои нав аз трафике иборат аст, ки онро метавон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳо сарф намуд. Бастаҳои нав фаъол карда шуданд: “30 дақиқа ба шабакаҳои дигар дар кишвар” бо нархи 100 хол ва “50 дақиқа ба шабакаҳои дигар” бо нархи 160 холи бонусӣ ҷорӣ карда шуданд.  

Холҳоро метавон дар замимаи “МегаФон Life” иваз намуд. Барои ин зарур меояд, ки дар саҳифаи асосӣ ба қисми “Холҳо”, сипас “Ивазкунии холҳо” гузашта, мукофотро интихоб кунед ва “Пайвасткунӣ”-ро пахш намоед. 

Шартҳои муфассали барномаи бонусии “Раҳмат” – дар сомонаи ширкати “МегаФон Тоҷикистон”. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *