Тилло” ва “нуқра”: оператори “Анор” роҳи дастраскунии рақамҳои зеборо осон мекунад
Оператори мобилии ҷавонтарини Тоҷикистон ба муштариён дар амалисозии орзу оид ба рақами мақомноки телефонӣ кӯмак менамояд. То охири май метавон рақамҳои “тиллоӣ”-ро бо тахфифи 90% дастрас карда, рақамҳои “нуқрагин”-ро бошад, туҳфа гирифт. Алҳол якбора се иқдом ҷараён дорад ва иштирокчиёни онҳо метавонанд то 900 сомонӣ маблағро сарфа намоянд.
Рақам бо 90% тахфиф
Рақамҳои категорияи “Тилло 1 000”, ки дар иқдоми якуми “Анор” ширкат мекунанд, бо чор рақами якхела тамом мешаванд. Нархи муқаррарии чунин комбинатсияи рақамҳо, тавре аз номи категория бармеояд, хеле баланд аст, яъне 1 000 сомониро ташкил медиҳад. Лекин айни замон чунин рақамро метавон ҳамагӣ бо нархи 100 сомонӣ ба даст овард. Шарти асосӣ – ҳамзамон пайваст кардани тарофаи “Диёр 50” мебошад. Ҳамин тариқ, бастаи иборат аз тарофа ва рақами “тиллоӣ”, ки хеле осон дар хотир боқӣ мемонад, ҳамагӣ бар ивази 150 сомонӣ метавонад насиби муштарии “Анор” гардад. Дар иқдом рақамҳое иштирок мекунанд, ки бо ададҳои 2222, 3333, 4444, 5555, 6666 ва 9999 тамом мешаванд.
“Тилло” бо ними нарх
Ягон рақами дигари “тиллоӣ” бо нархи 1 000 ё 500 сомонӣ писанд омад? Онҳоро низ метавон ба таври нисбатан муфид, бо ними арзиш ба даст овард. Ҳамин тариқ, иштирокчии иқдоми дуюм рақамеро ба даст меорад, ки дорои гурӯҳи муайяни рақамҳо мебошад – масалан 78000Х0Х0. Маблағи сарфашаванда аз комбинатсияи интихобшуда вобаста мебошад: агар нархи рақам 1 000 сомонӣ бошад, он 500 сомонӣ ва агар арзиши рақам бе назардошти иқдом 500 сомонӣ бошад, он 250 сомонӣ меафтад.
“Нуқра” ҳамчун туҳфа
Иқдоми сеюми “Анор” имкон медиҳад, ки рақамҳои категорияи “Нуқра 100” ва “Нуқра 50” комилан ройгон ба даст оварда шаванд. Шарти ягона – ҳангоми пайвастшавӣ муштарӣ худ бояд дилхоҳ тарофаи писандидаро бо арзиши 30, 40 ё 50 сомонӣ дар як моҳ пардохт намояд.
Ҳар се иқдом то 31 майи соли 2024 (дохилан) идома меёбанд. Имкони худро аз даст надода, рақамҳои мақомнокро аз “Анор” то вақте, ки онҳо ҳоло ҳастанд, ба даст оред.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ