Тиллодуздии ноболиғ дар ҳаҷми 70 ҳазор сомонӣ

Як ноболиғ ва як ҷавон дар ноҳияи Рӯдакӣ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздидаанд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, рӯзи 27-уми октябр ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ марди 38 сола бо аризаи шикоятӣ муроҷиат мекунад, ки шаби 24 ба 26-уми ноябри соли равон тахминан соати 01:30-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, аз он ҷо 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг” ва ҷавоҳироти гуногуни тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

“Зарари расонидашуда ба ҷабрдида 70 000 сомониро ташкил медиҳад”, — омадааст дар иттилоия.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ — ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия ноболиғ — писарбачаи 14-сола ва ҷавони 19-солаи сокинони ноҳияи Рӯдакиро бо ҷурми дуздӣ дастгир намуданд.

Тафтишот аз рӯи ин ҳодиса идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *