Тиллои пошхӯрда: 270 нафар барои коркард иҷозатнома гирифтаанд
Дар соли 2022 ба 270 нафаре, ки мехостаанд ба коркарду истеҳсоли тиллои пошхӯрда машғул шаванд, аз тарафи Вазорати молияи кишвар иҷозатнома дода шудааст.
Ин нуктаро Файзиддин Қаҳҳорзода — вазири молияи кишвар зимни нишасти матбуотии ин вазорат хабар дод.
Зикр гардид, ки ин шумора ба вилояти Суғд 42 адад, вилояти Хатлон — 36 адад, Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон — 81 адад, шаҳри Душанбе — 55 адад ва ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ 56 адад рост меояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ