Тиловати Қуръон барои рафъи каронавирус дар Маскав
Дар масҷиди ҷомеи шаҳри Маскав дар робита ба хуруҷи маризии коронавирус, шабонарӯз сураҳо аз китоби муқаддаси Қуръон тиловат мешаванд, хабар медиҳад «Спудник» дар так ба котиботи Шӯрои муфтиёти Русия.
Роҳбари Идораи рӯҳонии мусулмонони Русия фармон додааст, ки сар аз 17 — уми март, 24 соат сураҳо аз китоби Қуръон хонда шавад.
«Дар ин рӯзҳои ҳассос, тиловати сураҳои Қуръони маҷид, муроҷиати бандагон ба Худованди бузург аст, ки ба паҳншавии ин офати бераҳм аз дунё хотима гузошта шавад», — омадааст дар хабар.
Қаблан роҳбари Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия даъват намуда буд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз маризии коронавирус аз сафар ба ҳаҷ, дастфишорӣ ва дастбӯсӣ то як муддат худдорӣ карда шавад.
Қобили зикр аст, ки айни замон иттиҳодияҳои динӣ тамоми чораҳоро барои таъмини муҳити бехатар барои мӯъминон андешида истодаанд.
Зимнан, дар робита ба паҳн шудани коронавирус дар бисёр кишварҳои мусалмон, аз ҷумла дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, намозҳои дастаҷамъӣ дар масҷидҳо боздошта шуданд.
Зеро, чанде қабл Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт коронавирусро пандемияи эълон кард, чун дар 135 кишвар аллакай 202,5 ҳазор нафар сироят ёфтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ