Тими Telegram ба боздошти Дуров вокуниш кард

Тими Telegram ба боздошти асосгузораш Павел Дуров дар Фаронса вокуниш нишон дод.

Ин тим мегӯяд Telegram ба қонунҳои Иттиҳоди Аврупо, аз ҷумла Санади хадамоти рақамӣ мувофиқат мекунад, модератсия ба стандартҳои соҳавӣ мувофиқ аст ва пайваста такмил дода мешавад. Платформа ё соҳиби он барои сӯистифодаи он масъул шуда наметавонад.

Павел Дуров  соҳибкори машҳури рус аст, ки асосгузор ва CEO-и платформаи Telegram мебошад. Вай 10 октябри соли 1984 дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия таваллуд шудааст. Дуров дар ибтидо дар соҳаи технологияи иттилоотӣ машҳур гашта, дар соли 2006 платформаи иҷтимоии ВКонтакте (VK) -ро таъсис дод. ВКонтакте зуд ба яке аз машҳуртарин шабакаҳои иҷтимоӣ дар Русия ва кишварҳои дигар табдил ёфт.

Пас аз фишорҳои зиёд аз ҳукумати Русия барои дар ихтиёри онҳо додани маълумоти истифодабарандагони VK, Дуров дар соли 2014 тасмим гирифт Русияро тарк кунад ва ширкати худро фурӯшад. Пас аз ин, ӯ ба коркард ва рушди Telegram шурӯъ кард, ки он дар соли 2013 таъсис ёфт. Telegram як мессенҷери махфиятнок ва амн аст, ки имрӯзҳо зиёда аз 900 миллион истифодабаранда дорад ва ба яке аз платформаҳои муҳимтарини иртибототӣ дар ҷаҳон табдил ёфтааст.

Павел Дуров, шаҳрвандии якчанд кишвар аз ҷумла Русия, Фаронса, Сент-Китс ва Невисро дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *