Тимошенко -Пророшенко, кадоме президенти Украина мешавад?

Президенти Украина Петр Порошенко дирӯз аз пешбарии номзадиаш ба давраи дуюми президентӣ хабар дод.

Ӯ дар форуми «Аз Крут то Брюссел» суханронӣ кард. Манзур даргирии Крут аст, ки 101 сол пеш дастаҳои украинӣ ба болшевикҳо муқовимат карда буданд.тПрезиденти Украина ваъда дод, ки дар сурати интихоб шуданаш соли 2024 барои вуруди Украина ба Иттиҳоди Аврупо расман ариза медиҳад. Ба гуфтаи Порошенко, ӯ ба даври нави раёсат меравад, то таъғирнопазирии масири кишвар ба Иттиҳоди Аврупо ва НАТО-ро таъмин кунад. Ӯ ба ин бовар аст, ки кишвараш дар баробари Русия ба «сулҳи сард» ниёз дорад, ки шарташ эътирофи якпорчагии Украина аз ҷониби Маскав ва ҳақи Украина ба ҳаракат дар роҳи  худ аст.Петр Порошенко ҳамчунин аз рақибонаш, аз ҷумла Юлия Тимошенко интиқод ва онҳоро ба президенти популисти Венесуэла Николас Мадуро монанд кард, ки ҳукуматаш бинобар буҳрони амиқи сиёсӣ ва иқтисодӣ таҳти шубҳа қарор гирифт. Бинобар назарпурсиҳо, президент аз номзадҳои дихоҳи мардум  нест. Дар ин пурсишҳо Юлия Тимошенко пешсаф аст ва дар ҷойи дуюм ҳаҷвнигор Владимир Зеленский қарор дорад. Порошенко дар ҷойи сеюм ё чаҳорум аз пуштибонии ҳудудан 10 дар сади райъдиҳандагон бархурдор аст.Бинобар назарсанҷии Пажуҳишгоҳи сотсиологии Киев, ки рӯзи сешанбе пахш шуд, 70 дар сад ба Порошенко эътимод надоранд ва танҳо 16 дар сад аз аз ӯ тарафдорӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *