Тирборон кардан ба хотири чӣ буд?!
Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд мегӯяд, дар Андароби вилояти Бағлон ба Толибон зарбаи сахт заданд. Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, шаби 8-уми май даргириҳои сахт миёни размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва нерӯҳои Толибон дар Панҷшер идома ёфтааст. Сокинони Панҷшер мегӯянд, Толибон ғайринизомиёнро озору азият медиҳанд. Толибон ин даргириҳоро ночиз мешуморанд.
Чаро ҷонибҳо оромиро намехоҳанд?
Сибғатуллоҳ Аҳмадӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, шоми якшанбе дар Твиттер навишт, ки талафот ба Толибон дар минтақаҳои Пули Ҳисорак ва Қосони ноҳияи Андароб ворид шудааст, вале омори мушаххас наовард.
Ягон манбаъ ин ин хабарро тасдиқ накарданд ва ҳукумати Толибон дар ин маврид иттилое надод.
Дар ин раванд як мақоми баландпояи Толибон дар вилояти Панҷшер афзӯд, ки фармондеҳи амнияти Толибонро дар ноҳияи Руха боздошт кардаанд. Абубакр Сиддиқ, сухангӯи волии Толибон дар Панҷшер, ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст, фармондеҳ Нуруламин дар робита ба даргириҳои ахир дар ноҳияи Дара боздошт шуд.
« …бачаҳоро аз сари заминҳои кишт ва масҷидҳо боздошт ва латукӯб мекунанд «
Як сокини Панҷшер ҳам гуфт, ки Толибон дар ноҳияи Дара ба ҷустуҷӯи хона ба хона идома дода, мардумро озору азият кардаанд. Яке аз бошандагони ноҳияи Дара гуфт, дар пайи даргириҳои ахир Толибон чанде аз афроди маҳаллиро боздошт кардаанд.
Як сокини Панҷшер, ки нахостномашӣ расонавӣ шавад, афзуд, «афроди Имороти исломӣ барои ҷустуҷӯи хона ба хона ба вулусволии Дара омада, мардумро озору азият мекунанд ва бачаҳоро аз сари заминҳои кишт ва масҷидҳо боздошт ва латукӯб мекунанд. Як теъдодро баъд аз латукӯб раҳо карда, чанд нафаридигарро бо худ бурдаанд.»
Оё Толибон дар даргириҳо кушта шуданд?
Дар эъломияи нави ҷабҳа гуфта мешавад, ки 15 узви Толибон дар ин даргириҳо кушта шуданд. Толибон инро рад кардаанд. Забеҳуллоҳ Муҳоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, ба Радиои Озодӣ гуфтааст, «ҳич гурӯҳе бо номи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон ҳузури амалӣ надорад».
Мавлавӣ Додмуҳаммад Батор, фармондеҳи амнияти Толибон дар вилояти Панҷшер чизе дигар мегӯяд: «Тирпаронӣ буд, баъзе вақтҳо кам ва баъзе вақтҳо зиёдтар. Аммо сабаби ин нашуд, ки мо таҳти муҳосира буда бошем. Шумораи ками онҳо дар қуллаҳои кӯҳҳо ҳастанд ва барои наҷоти ҷонашон тирандозии ҳавоӣ карданд.»
Баъзе аз мардуми маҳаллӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, хонаҳояшонро дар бахше аз ноҳияи Дара тарк кардаанд.
Бозмуҳаммади бистучаҳорсола, сокини Қалъаи Исфандиёр, мегӯяд, бархе аз мардум аз деҳаҳои минтақаи Абдуллохел ва рустоҳои атрофи он овора шудаанд. «Вазъият дар минтақа ноором аст, мардум овора шуданд ва ҳоло мардум хонаҳояшонро тарк кардаанд. Вазъ қобили пешбинӣ нест. Мумкин аст, вазъият харобтар шавад,» — афзуд ин сокини Панҷшер.
Ноҳияи Дара дар вилояти Панҷшер бо ноҳияи Ниҷроби вилояти Кописо ҳаммарз аст.
Тирборон ба хотири ҳамкорӣ
Баъзе расонаҳои Афғонистон такя ба аснод, навиштанд, ки Толибон дар Панҷшер 7 ғайринизомиро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ тирборон кардаанд. Дар пайи даргириҳо дар Панҷшер, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои видеоӣ нашр шуд, ки ҳаракати нерӯҳои бештари Толибон ба ин вилоятро нишон медиҳад.
Моҳи сентябри соли гузашта Толибон вориди Панҷшер шуда, эълон карданд, ки ин вилоятро тасарруф намуданд. Ин охирин вилояти Афғонистон буд, ки ба Толибон таслим нашуд.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯяд, онҳо дар кӯҳпояҳои Панҷшер ҳузур доранд ва муқовимат мекунанд. Аз ҳамлаи сарбозони ин Ҷабҳа ба Толибон хабарҳо нашр мешавад, вале огоҳони вазъ мегӯянд, ҳанӯз ин Ҷабҳа ба як нерӯи баробарвазн бо Толибон табдил наёфтааст ва ба сурати пароканда амал мекунад.
Дар бораи даргирӣ миёни нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимат ва Толибон рӯзҳои гузашта, дар бархе ноҳияҳои вилояти Тахор хабарҳо нашр шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ