Тири душман ҷони ҷавонашро рабуд…
Мақомот тасдиқ карданд, ки дар натиҷаи муноқишаи шаби гузашта дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як сарҳадбони тоҷик кушта шудааст, ки Зоир Саидумарови 27-сола, сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон будааст.
Даврон Нишонзода, раиси ноҳияи Дӯстӣ дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки маросими видоъ бо марзбони кушташуда нимарӯзи 13-уми апрел дар зодгоҳаш баргузор шуд. Раиси ноҳияи Дӯстӣ афзудааст, ки дар маросими видоъ намояндагони қисми ҳарбие, ки Зоир Саидумаров дар он хидмат мекард, ширкат доштанд.
«Рафта, изҳори ҳамдардӣ кардем. Падараш аз дунё гузашта будааст. Ду бародараш дар Русия ҳастанд. Маросими видоъ ҳангоми намози пешин шуд, баъди он боз мадад мекунем»,- афзудааст раиси ноҳияи Дӯстӣ.
Ба қавли ӯ, Зоир Саидумаров дар даъвати баҳории соли 2020 ба хидмат рафта буд ва ин шабу рӯз муҳлати хидматаш ба поён мерасид.
Пештар манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки дар тирпарронии шоми сешанбе сержант Зоир Саидумаров аз қафаси сина ва шикамаш тир хӯрдааст. Ба гуфтаи манбаъ, бо сабаби чаҳор тир ба ҷисмаш расидан табибон натавонистаанд Зоирҷонро аз марг наҷот диҳанд.
Чанде аз корбарони сомонаи Радиои Озодӣ мепурсанд, ки «магар марзбонони тоҷик ҷавшан ё бронжилет надоранд ва чӣ гуна Зоир Саидумаров аз қафаси сина ва шикам тир хӯрдааст?». Мақомот ин масъаларо шарҳ намедиҳанд.
Муноқиша ва тирпарронӣ шоми 12-уми апрел дар байни деҳаи Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Суғд ва деҳаи Борбодуки ноҳияи Лайлаки Бодканд рух дод.
Аз идора:
Аҳли кормандони сомонаи Pressa.tj аз ин ғами боргашта болои хонаводаи Зоир Саидумаров сахт андуҳгин буда, ба хонавода ва хешу табори маҳрум аз даргоҳи Худованд сабри ҷамил орзу карда, хоҳони онанд, ки ҷойи ин фарзанди азизи хонадонро биҳишти аъло бигардонад. Омин!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ