Тирпаронӣ дар мактаб ва марги хонанда

Дар шаҳри Урали вилояти Қазоқистони Ғарбӣ як хонандаи 14-солаи мактаб ҳамдарси худро бо силоҳи шикорӣ паррондааст. Нозири калони Раёсати умури дихилии Урал Динора Абдулхолиқова дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ин ҳодиса 20 октябр дар натиҷаи беэҳтиётӣ рух додааст.

«Ноболиғи 14-сола, сокини деҳаи Деркули шаҳри Урал аз беэҳтиётӣ ҳамдарси худро бо силоҳи шикорӣ паррондааст, ки дувумӣ дар натиҷаи бардоштани захми зиёд дар беморхона ҷон бохт», — афзуд Абдулхолиқова.

Бино ба хабарҳо, раҳбарияти мактаб гуфтааст, ки ҳар дуи хонандаҳо рафтори хуб доштанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *