Тирпарронӣ дар маркази Маскав

Шаби гузашта ба бинои Хадамоти амнияти миллии Русия дар маркази шаҳри Маскав ҳамла сурат гирифт.

Дар ҷараёни тирпаррониҳо як корманди амниятӣ кушта шуда ва 5 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Шахси ҳамлагар ба ҳалокат расидааст.

Ҳоло ниҳодҳои амниятӣ шахсияти ҳамлагарро мушаххас мекунанд.

Бино ба хабари агентии иттилоотии “Москва”, ҳамлагарон 3 нафар буда ва тирпарронӣ дар дохили бинои ХАМ сурат гирифтааст.

Ба ҳангоми дарпгирӣ миёни кормандони амниятӣ ду ҳамлагар кушта шуда ва сеюмӣ ба самти майдони Воровский фарор кардааст.

Аммо хадамоти матбуоти ХАМ расман эълон кард, ки шахси ҳамлагар танҳо буда ва ба бинои ин ниҳод ворид нашудааст.

Дар навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир гардид, дида мешавад, ки бо оғози тирпарронӣ пулис роҳҳои ба самти майдони Лубянкаро масдуд карда ва ва одамонро аз ин минтақаи хавфнок интиқол медиҳад.

Ин ҳодиса дар Рӯзи кормандони ниҳодҳои амниятии Русия иттифоқ афтод. Дар лаҳзаи ҳамла Владимир Путин, Президенти Русия дар Кохи Кремлин, дар консерт ба ифтихори ин ҷашн ширкат дошт.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *