Тирпарронӣ дар Хоруғ, ҷавонон чӣ мехостанд?

Мақомоти вилояти Бадахшон дар шарҳи ҳодисаи тирпаронӣ дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ мегӯянд, ки муноқиша баъди мухолифати гурӯҳе аз ҷавонон бар сари мавҷудияти посгоҳҳои низомӣ дар ин шаҳр сар задааст.

Шаби 4 ба 5 ноябр дар паи муноқишае дасти кам як нафар ва ба гуфтаи худи ҷавонон — се нафар сокини Хоруғ аз тири силоҳи пневматикӣ захм бардошт. Дар ҳоле, ки ин гурӯҳ мегӯяд, низомиён ба сӯи онҳо бе ягон сабаб тир кушоданд, сухангӯи раиси вилояти Бадахшон Ғолиб Ниятбеков рӯзи душанбе гуфтааст, ки “мо ба мардум гуфта будем, ки ба кори полис монеа эҷод накунанд”.Ҳодиса дар шарҳи Ниятбеков тавре ҳаст, ки чанд ҷавон аз Хоруғ ба назди яке аз постгоҳҳои пулис воқеъ дар чорроҳаи шаҳр омада, талаб кардаанд, ки пулис дар ин ҷо постгоҳ намонад. Дар посух, ба гуфтаи Ниятбеков, кормандони полис аз силоҳи пневматикӣ ба ҳаво тир кушоданд ва ҳушдор доданд, ки ҷавонон ба посгоҳ наздик нашаванд. Ӯ гуфт:“Мақомоти вилоят аз ин ҳодиса хабар доранд ва сокинонро огоҳ кардаанд, ки ба кори постгоҳҳо халал нарасонанд. Феълан омӯхта истодаем, ки ин ҷавонон ба гуруҳҳои муташккили ҷиноӣ алоқа доранд ё не. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ инро муайян мекунанд”.Ғолиб Ниятбеков ҳамчунин хабари бархе расонаҳо дар бораи маст будани кормандони пулисро рад карда гуфтааст,ки бархе мехоҳанд бо нашри чунин хабарҳо «милисаро бадном кунанд».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *