Тоқаев ва Жапаров Мирзиёевро пуштибонӣ карданд
Қосим-Ҷомарт Тоқаев ва Садир Жапаров аз иқдомҳои Шавкат Мирзиёев дар масъалаи Қарақалпоқистон пуштибонӣ карданд.
Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев зимни як суҳбати телефонӣ иқдомоти ҳамтоашро маъкул дониста, «аз чораҳои андешидашуда ҷиҳати пешгирӣ аз амалҳои ғайриқонунӣ ва таъмини субот изҳори пуштибонӣ кард».
Президенти Қирғизистон Садир Жапаров низ ҳамин гуна изҳорот дода, қайд кардааст, ки ҷониби Қирғизистон рӯйдодҳоро бо нигаронии зиёд қабул кард, вале «ба шарофати амалҳои саривақтӣ, қатъӣ ва ҳамоҳангшуда имкон пайдо шуд, ки ба эътидол овардани вазъият ва пешгирӣ аз ташдиди минбаъдаи он гардад».
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ