Тоҳиру Сорбон ба умеди аробачаи маъюбӣ

Оилаи Сангов Фатҳиддин аз деҳаи Дарозии шаҳри Ҳисор бо орзую умеди зиёд соҳиби фарзанд шуданд. Бо амри тақдир фарзанди дуюми оила Сорбон пас аз хатми синфи 4 аз роҳгардӣ монд…

Кӯдак дар ибтидо хело ҳушёру чаққон буд, аммо имрӯз нотавон аст. Ӯ ниёз ба аробачаи маъюбӣ ва нигоҳубини ҳамешагӣ дорад. Пас аз Сорбон ин оила соҳиби дугоник — Тоҳиру Фотима шуданд. Вале хушбахтии онҳо дер давом накард. Тоҳир ҳам чун бародари калониаш аз роҳгардӣ монд. Имрӯз модари фарзандон ба нигоҳубини онҳо машғул аст, вале азият мекашад. 

Ин оила имрӯз ба саховатмандон ва шахсони хайрхоҳ бо назари умедворӣ нигоҳ мекунанд, то рӯзе бирасад, ки Тоҳиру Сорбон соҳиби аробача шаванд ва тавонанд бемалол ба берун бароянд ва ҷое бираванд. Умед аст, ки саховатмандон дар пайравӣ ба Пешвои миллат ба ин оила дасти кумак дароз мекунанд.

Ҷамолиддин ҶАЛОЛИЁН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *