“Тоҷи сомон” Нахустин синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе
Рӯзҳои 16-19-уми октябр бахшида ба Рӯзи кинои тоҷик ва 120-солагии нахустин коргардони тоҷик Комил Ёрматов Синамоҷашнвораи якуми байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» таҳти шиори «Таърихи рушди тоҷикон» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи ҷашнвора, ки шоми 16-уми октябр дар Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистон баргузор шуд, Матлубахон Сатториён, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилбар Одилзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, меҳмонон аз хориҷи мамлакат, Маҳмадсаид Шоҳиён, директори МД «Тоҷикфилм» ва дигар вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.
Парчами синамоҷашнвора ҳамчун рамзи ифтитоҳи ин ҷашнвора бо иштироки давлатҳои иштирокчӣ барафрохта шуд.
Дар синамоҷашнвора меҳмонон аз давлатҳои Русия, Ӯзбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон, Арманистон ва ғайра иштирок доранд.
Тавре дар нишасти матбуотӣ Маҳмадсаид Шоҳиён, директори МД «Тоҷикфилм» гуфт, аз байни 200 дархости пешниҳодшуда 70 филм мавриди омӯзиш ва тамошо қарор гирифта, 18 филми ҳунарии пурра ва 8 филми ҳунарии кӯтоҳ барои иштирок ва рақобат дар озмунҳои синамоҷашнвора сазовор дониста шудаанд. Барои баҳодиҳӣ ва муайян намудани ғолибон ҳакамони байналмилалӣ даъват шудаанд.
Тавре Толиб Ғайбуллозода, муовини директори МД «Тоҷикфилм» гуфт, ҷоизаҳои синамоҷашнвора аз Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми ҳунарӣ, Ҷоизаи «Беҳтарин коргардон», Ҷоизаи «Беҳтарин наворбардор», Ҷоизаи «Беҳтарин нақши мардона», Ҷоизаи «Беҳтарин нақши занона», Ҷоизаи «Беҳтарин филми ҳунарии кӯтоҳ», Ҷоизаи махсуси ҳакамон, Ҷоизаи таваҷҷуҳи тамошобин ва Ҷоизаи махсуси Раиси шаҳри Душанбе «Барои саҳми муносиб дар рушди кинематография» иборат мебошанд.
Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе — «Тоҷи Сомон» минбаъд дар ду сол як маротиба ҳамчун рӯйдоди байналмилалии фарҳангӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ