Тоҷик ҳамватанашро дар муҳоҷират гаравгон гирифт

Дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон гурӯҳи шаҳрвандони Тоҷикистон як ҳамватани худро гаравгон гирифтаанд. Ӯро дар як манзил маҳкам карда, бар ивази раҳоӣ аз наздикони он мард 20 ҳазор доллар талаб кардаанд.

Дар шарҳи ин ҳодиса Рolisia.kz 16-уми августи соли 2023 аз нақли Жанат Нургалиев, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили шаҳри Алмаато чунин навиштааст: “Як шаҳрванди Тоҷикистон ба пулис хабар дод, ки ҳамватани ӯ М., соли таваллудаш 1991, 13-уми август ба як мулоқот рафта, дигар барнагаштааст. Дар робита ба ин ҳодиса гурӯҳи фаврию тафтишотӣ созмон дода шуда, дар асоси моддаи 125-и Кодекси ҷиноятии Қазоқистон бо иттиҳоми одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ кушода шуд. Тафтишот дар навбати аввал муайян кард, ки шаҳрванди Тоҷикистонро рабудаанд. Дар пайи ин мо макони нигоҳдории ӯро муайян кардем. Ин манзили иҷора дар ноҳияи Медеу ҷойгир шуда буд. Бо кумаки гурӯҳҳо амалиёти махсус баргузор карда шуд. Дар натиҷа 6 шаҳрванди Тоҷикистон бо иттиҳоми рабудани ҳамватани худ бо мақсади талаб кардани пул ба маблағи 20 ҳазор доллар дастгир шуданд. Онҳо гаравгонро зада, ҷараёни шиканҷаи ӯро видео гирифтаанд”.

Ҳоло гумонбарон дар ҳабс қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *