«Тоҷик Эйр» муҳоҷирони бандмондаро ба ватан овард
Беш аз 200 мусофири тоҷик, ки дар давоми панҷ рӯз дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав дармонда буданд, бо як парвози вижа ба кишвар интиқол дода шуданд. Ҳавопаймои ширкати «Тоҷик Эйр» субҳи 26-уми март ин гуруҳи мусофиронро аз фурудгоҳи «Домодедово» ба шаҳри Кӯлоб интиқол дод. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Мақомоти тандурустии вилояти Хатлон дар суҳбат ба манбаъ гуфтаанд, ки, гуруҳи муҳоҷирон барои ду ҳафта ба карантин интиқол дода мешаванд. Ба гуфтаи мақомот, беш аз сад нафар аз ин муҳоҷирон дар Беморхонаи «Ҷерқалъа»-и шаҳри Кӯлоб ва боқимонда дар шаҳри Бохтар давраи карантинро паси сар хоҳанд кард.
Бояд гуфт, ки мақомот дар ҳоле парвоз анҷом дод, ки мусофирон аз аҳволи бади ҳеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигарони карда буданд.
Ин муҳоҷирон ба гуфтаи худашон бояд шоми 19-уми март ба Тоҷикистон парвоз мекунанд, вале дар пайи қатъи парвозҳо ба кишвар аз он рӯз наметавонанд ба ватан баргарданд. Муҳоҷиронро нахуст аз фурудгоҳи «Внуково» ба фурудгоҳи «Домодедово» оварда, аз онҷо ба Тоҷикистон интиқол доданд.
Қатъи ногаҳонии парвозҳо ба Тоҷикистон даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро дар фурудгоҳҳои Русия ва Истамбули Туркия сарсон кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ