Тоҷикдухтари ӯзбекистонӣ чемпиони шоҳмоти ҷаҳон

Афрӯза Хамдамоваи 14-сола, зодаи ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарё нахустин духтар дар таърихи Ӯзбекистон шуд, ки унвони чемпиони шоҳмоти ҷаҳонро ба даст овард.

Роҳи Афрӯза ба чемпионати ҷаҳонии шоҳмот душвор буд. Ӯ сари вақт натавонист виза ба даст биёварад, ҳамин аст, ки дар сабқати аввалаш расида натавонист. Бинобар ин, доварон ба ӯ бохти фаннӣ навиштанд. Вале ин тоҷикдухтар баъдан дар 9 рақобати навбатӣ ба ҳарифонаш дастболо шуд. Ёдовар мешавем, ки сабқати мазкур байни духтарони шоҳмотбози синнашон то 14-сола дар шаҳри Монтесилванои Италия баргузор шуд.

Афрӯза Хамдамова 25-уми феврали соли 2009 дар ноҳияи Сариосиёи вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, ки аксари аҳолии онро тоҷикон ташкил медиҳанд, ба дунё омадааст. Оилаи онҳо баъдан ба Самарқанд мекӯчад. Падари Афрӯза — Акбар муаллими шоҳмот буда, бародараш Сиёвуш низ чемпиони шоҳмоти ҷаҳон аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *