Тоҷики гумонбар дар ғорати ҳамсари Градский раҳо шуд (аудио)

Бино ба иттилои РЕН ТВ, дар мавриди ҳамла ба ҳамсари Александр Градский — Марина Коташенко як гардиши нав сурат гирифт. Гумонбари қаблан боздоштшуда — Ромиз аз шуъбаи милиса раҳо карда шудааст.

— Чунон ки ба РЕН ТВ маълум шуд, тоҷики гумонбар дар ғорати ҳамсари Градскийро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба шарти ҳозир шуданаш дар ҳолати даркорӣ озод кардаанд,- меафзояд манбаъ.

Бар асоси пайгирии телефонҳо дар ҷои ҳодиса, муайян гардидааст, ки телефони гумонбар низ дар наздикии макони рух додани ғоратгарӣ қарор доштааст. Аммо, ҷавон изҳор доштааст, ки телефонро муваққатан ба як хешаш дода буд. Ӯ ҳамзамон далелҳои қотеъ пешниҳод намудаст, ки ҳангоми содир шудани ҷиноят дар ҷои дигар қарор доштааст.

Ёдовар мешавем, ки ғорати ҳамсари Александр Градский 17-уми январи соли ҷори маълум гардида буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *