Тоҷики зодаи Русия дар озмуни қироати Қуръон ғолиб омад
Аёмиддин Фархудинов, тоҷики зодаи Русия дар озмуни байналмилалии қироати Қуръон дар Маскав ғолиб гардид.
Озмуни мазкур маротибаи 21-ум баргузор мешавад ва аввалин маротиба дар он тоҷики зодаи Русия ғолиб мегардад.
Дар ин озмун дар умум аз 31 давлати ҷаҳон ҳофизону қориёни Қунъон барои ғолибият рақобат карданд.
Аёмиддин Фархудинов бо вуҷуди хонандаи хуби Қуръон будан, ҳамчунин бо чор забон — тоҷикӣ, русӣ, арабӣ ва англисӣ озод суҳбат мекунад.
Аёмиддин на танҳо аввалин тоҷик, балки аввалин шаҳрванди Русия низ шуд, ки дар 21 соли озмун ғолиб омад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ