Тоҷикистон ҳавопаймои бесарнишин истеҳсол кардаву истифода мебарад?
Бахшида ба рӯзи касбии олимони ватанӣ — «Рӯзи илм» 14-уми апрел дар шаҳри Душанбе маҷлиси тантанавӣ доир мешавад.
Тавре аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иттилоъ додаанд, дар ҳамоиш олимон, коршиносон ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок хоҳанд кард.
Бино ба иттилои манбаъ, худи ҳамон рӯз аз соати 9:00 то 10:00 дар «Шаҳраки академӣ» (9-ум километри шаҳри Душанбе) бинои махсус барои истеҳсол ва истифодаи ҳавопаймоҳҳои бесарнишини Академияи миллии илмҳо ва бинои нави Институти астрофизикаи АМИТ ба истифода дода мешаванд.
Моро дар Телеграм пайгирӣ намоед: https://t.me/tojikistontimes
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ