Тоҷикистон ҳич гуна силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ ба Панҷшер надодааст!

Тоҷикистон иттилои иртиботи ҳавоӣ бо Панҷшерро рад кард.
Тоҷикистон иттилои интиқоли силоҳ ва муҳимоти ҷангиро ба Панҷшер рад кард, хабар медиҳад РИА Новости дар истинод ба як манбаи огоҳ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон.

«Маълумоте, ки гӯё чархболҳои нирӯҳои муқовимати афғон аз Тоҷикистон силоҳ ва муҳимоти ҷангиро интиқол додаанд, асос надорад», — изҳор доштааст вай.
Пештар як расонаи афғонӣ, Herat Times хабар дод, ки гӯё ҷабҳаи муқовимати Панҷшер аз Тоҷикистон тариқи чархболҳо силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ гирифтааст.
Дар ин раванд ҷабҳаи Панҷшер ин иттилоро рад кард ва афзуд, ки ҳич гуна асосе надорад.

Манбаъ меафзояд, ки: «Иртиботи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Панҷшер роҳандозӣ нашудааст».
Дабири кулли СПАД Станислав Зас низ изҳор дошт, ки аз интиқол ёфтани силоҳ ва ҳама гуна муҳимот аз Тоҷикистон ба Панҷшер созмон иттилое надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *