Тоҷикистон 700 миллион доллар сармояи хориҷӣ гирифт
Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар соли гузашта ба Тоҷикистон беш аз 700 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид шудааст.
— Дар давраи ҳисоботӣ беш аз 700 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон ворид шудааст. Аз ин маблағ 340 миллион доллар сармояи мустақим ва 370 миллион доллар дигар намуди сармояҳо ҳастанд,- афзуд мавсуф.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки дар раддабандии ҷалби сармоя ба Тоҷикистон Чин мавқеи аввалро ишғол мекунад. Яъне, Чин 210 миллион доллар, Эрон 32 миллион, Туркия 25 миллион, Швейтсария 21 миллион, Фаронса 19 миллион, Кипр 10 миллион ва Британияи Кабир 6 миллион доллар ба Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ