Тоҷикистон: 8212 нафар ба карантин фаро гирифта шудаанд

Аз 1 феврал то 20 апрели соли равон 8212 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардиданд, дар муассисаҳои тиббии мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои манбаъ аз ин шумора то дирӯз 7129 нафари онҳо ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни замон 1083 нафари онҳо дар карантин қарор доранд. ва хушбахтона, то имрӯз дар нафарони ба карантин фаро гирифта шуда сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ иттилоъ дод, ки Ҷалолиддин Абдуҷабборзода, сардори шӯъбаи назорати милитсияи прокуратураи шаҳри Душанбе  бо ташхиси бемории зукоми А (H1N1) илтиҳоби дутарафаи шуш фавтида, дар он ҳеҷ нишонае аз коронавирус ба қайд гирифта нашуд.

Гуфта мешавад, ки номбурда 15 апрели соли равон нахуст дар Беморхонаи бемориҳои  сироятии кӯдаконаи шаҳри Душанбе (воқеъ дар назди Маҷмааи тандурустии “Истиқлол”)  бистарӣ  гардида, сипас, бо сабаби вазнин шудани вазъи саломатияш  санаи 16 апрел ба Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе (воқеъ дар маҳаллаи Зарафшон) интиқол дода шуд. Дар беморхонаи мазкур ба Ҷалолиддин Абдуҷабборзода ташхиси илтиҳоби дутарафаи шуш, зукоми  А ва фарбеҳии дараҷаи 3 гузошта шуд. Бо назардошти истифодаи дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ  ва дигар чораҳои иловагӣ натиҷа надода, номбурда  нимаи аввали рӯзи 19 апрел  фавтид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *