Тоҷикистон аз Русия барои пешгирии коронавирус кумак хост

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон ба Русия дархост пешниҳод кард, ки барои пешгирӣ аз бемории коронавурус ва гузаронидани амалиётҳои профилактикӣ кумак кунад. Роспотребнадзор-Хадамоти махсуси Русия бошад, барои расонидани кумак ба Тоҷикистон изҳори омодагӣ кардааст.

Гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон рӯйхати махсусро, аз таҷҳизоти тиббӣ, ки барои лабароторияҳо заруранд, то ҳароратсанҷро ба ҷониби Русия пешниҳод кардааст, ки кумак расонад. Инчунин, ҷониби Тоҷикистон аз Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ хоҳиш кардааст, ки барои табибон либосҳои махсуси тиббӣ кумак кунад.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, то кунун 285 нафаре, ки аз Чин ба Тоҷикистон омаданд, зери муоинаи пизишкон қарор гирифтаанд. Ба гуфтаи мақомот, инҳо шахсоне мебошанд, ки аз нимаҳои моҳи январ то имрӯз аз Чин вориди Тоҷикистон шудаанд. Аксари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфт, ки бештари ин афрод донишҷӯён, тоҷирон ва кормандони ширкатҳои чинӣ мебошанд. «Дар миёни ин афрод нишонаҳои вирус то кунун ошкор нашудааст»,-афзуд вай.

Ба гуфтаи ин масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, афроди мазкур муддати 14 рӯз дар беморхонаҳои сироятӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва дар ин муддат онҳо бо касе тамоси мустақим нахоҳанд дошт ва дар ҳолати ошкор шудани нишонаҳои вирус, дар ҳуҷраҳои алоҳида муолиҷа мегиранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *