Тоҷикистон ба Ғазза кумаки башардӯстона фиристод
Тоҷикистон якҷо бо дигар кишварҳои узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) ба мардуми Ғазза кумаки башардӯстона фиристод.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, ин кумак аз 200 тонна орд иборат аст.
Ин миқдор ёрии башардӯстонаро Тоҷикистон ҳамроҳ бо чанд кишвари дигари узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ, аз қабили Қазоқистон, Озарбойҷон ва Бангладеш дар ҳамкорӣ бо як ташкилоти хайриявии Урдун равон кардаанд.
Кумаки башардӯстона барои бартараф кардани камбуди ғизо барои тақрибан 8 ҳазор оила пешбинӣ шудааст ва қарор аст, ки Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ ва дигар ниҳодҳои ин созмон онро тақсим кунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ