Тоҷикистон ба Ӯзбекистону Покистон ангиш содирот кард

Мувофиқи  маълумотҳои оморӣ дар даҳ моҳи соли 2019 истихроҷи ангишт ба 1 млн 735,5 ҳазор тонна  расонида шуд, ки нисбат ба даҳ моҳи соли 2018, 184.2 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Тавре ки аз вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон хабар доданд, истихроҷи ангишт ба маблағи 271,4 млн сомонӣ ё 111,9% иҷроиши нақшаро  дар бар мегирад, ки нисбат ба нуҳ моҳи соли 2018, 28,9 млн сомонӣ (суръати афзоиш 113%) зиёд мебошад.

Дар ин давра фурӯши ангишт -1 млн 696,8 ҳазор тоннаро ташкил дод аз ҷумла, ба аҳолӣ  124. ҳазор тонна,  ба МБГ-2 ш. Душанбе 944,8 ҳазор тонна, ба корхонаҳои саноатӣ 542.1 ҳазор тонна, ба муассисаҳои буҷавӣ бошад -18,6 ҳазор тонна фурӯхта шуда, содироти ангишт -13,7 ҳазор тонна.

Содироти ангишт аз тарафи ҶДММ “Комбинати Металургии Тоҷик” ва ҶДММ “Талко Ресурс” ба Ҷумҳурии Покистон- 10383 ҳазор тонна ва ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2,9 ҳазор тонна амалӣ карда шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *