Тоҷикистон ба Беларус неруи ҳарбӣ мефиристад
Қарор аст, аз 12 то 16-уми октябри имсол дар Белорус тамрини нирӯҳои шаш кишвари узви ОДКБ ё Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ баргузор шавад.
Дар ин бора рӯзи 15-уми сентябр Вазорати мудофиаи Русия хабар дод.
Бино ба иттилои оҷонсии «Интерфакс», дар ин тамрин нирӯҳои низомии Русия, Белорус, Арманистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард.
Баргузории тамрин дар ҳоле барномарезӣ шудааст, ки беш аз як моҳ боз дар Белорус бо талаби истеъфои раиси ҷумҳур Александр Лукашенко ва баргузории интихоботи нави президентӣ тазоҳурот идома дорад.
Намояндагони мухолифин натиҷаи интихоботи 9-уми августро намепазиранд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ