Тоҷикистон ба Италия кумак мекунад
Тоҷикистон дар иртибот ба хуруҷи COVID- 19 дар Италия ба ин давлати аврупоӣ 11 миллион дона ниқобҳои тиббӣ содирот менамояд. NIK
Ин тадбир дар доираи қарордоди имзошудаи ҳамкорӣ байни ширкати тавлидотии «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд бо ширкатҳои итолиёвӣ амалӣ гардонида мешавад.
Абдурауф Пулодов, сардори шуъбаи саноати сабуки Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ гуфт, ки ҳоло корхонаи саноатии «Ҷавонӣ» аз матои пахтагини ватанӣ дар як рӯз 20 -25 ҳазор дона ниқоби тиббӣ истеҳсол менамояд.
Корхонаи саноатии «Ҷавонӣ» аз соли 1994 фаъолият дошта, дар он усули пурраи коркарди пахта ба роҳ монда шудааст. Ширкати «Ҷавонӣ» маҳсулотро дар асоси фармоиши бренди «Карьера»-и Италия истеҳсол намуда, 95 фоизи маҳсулоти тавлидотии корхона, аз қабили шим, нимшим ва ғайра, ки аз матои ҷинс дӯхта мешаванд, қаблан ба Италия содирот мегардид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ