Тоҷикистон ба Покистон ғалаба кард, аммо аз Ҷоми ҷаҳон-2026 маҳрум шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозии ниҳоии марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар гуруҳи «G» бар дастаи мунтахаби Покистон бо ҳисоби калон пирўз шуд.
Вохўрии дастаҳо 11-уми июн дар Варзишгоҳи маркарзии шаҳри Душанбе дар ҳузури 7800 мухлис баргузор гардида, бо ҳисоби 3:0 анҷом ёфт. Голҳоро аз ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Шервони Мабатшоев, Манучеҳр Сафаров ва Ваҳдат Ҳанонов заданд.
Бо вуҷуди ин пирўзи дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мураббии гурҷи Гела Шекиладзе натавонист ба марҳали сеюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 роҳ ёбад. Дастаи Тоҷикистон дар бозии панҷуми марҳилаи дуюми интихоби дар сафар аз дастаи Урдун шикаст хўрд ва аз идомаи мусобаќаи Ҷоми ҷаҳон-2026 ва роҳхати мустаќим ба Ҷоми Осиё-2027 маҳрум шуд. Акнун дастаро мебояд, ки барои ба даври финалии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфтан як марҳилаи дигарро паси сар кунад. Даста баҳори соли 2025 дар бозиҳои интихоби иштирок хоҳад кард. Он ҷо дар як гуруҳ чаҳор даста ҷойгир шуда, танҳо як даста роҳхати Ҷоми Осиёро ба даст меорад.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии дигари гуруҳ Урдун дар сафар муќобили Арабистони Сауди бо ҳисоби 2:1 зафар ёфт. Ба ҳамин тартиб аз ин гуруҳ Урдун ва Арабистони Сауди бо 13-имтиёзи роҳхати марҳилаи сеюмро соҳиб шуданд. Тоҷикистон бо 8 имтиёз ва Покистон бидуни имтиёз мусобиќаи Ҷоми Ҷаҳон -2026-ро ба анҷом расониданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ