Тоҷикистон барандаи Ҷоми King’s Cup 2022 шуд

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022», ки мавсими 48-уми он баргузор гардид, ширкат кард ва баранда шуд.

Мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022», ки ҷоми шоҳи Тайланд аст, дар шаҳри Чиангмай аз 22 то 25-уми сентябр бо иштироки чор даста гузаронида шуд. Дастаҳои мунтахаби Тайланд, Тоҷикистон, Малайзия, Тринадад ва Тобаго барои ба даст овардани ҷом мубориза бурданд.

Мусобиқа аз нимфинал оғоз шуд, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон 22-юми сентябр бар дастаи Тринидад Тобаго бо ҳисоби 2:1 пирўз шуд. Голҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Муҳаммадҷон Раҳимов ва Эҳсони Панҷшанбе заданд. Дар бозии дигари ин давр Малайзия бар тими Тайланд дар задани пеналтӣ ғалаба кард — 5:3.

Дар финал дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Малайзия рақобат кард. Вақти асосии вохўрӣ мусовӣ — 0:0 анҷом ёфт. Дар силсилазарбаҳои ёздаҳметра шогирдони мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт маҳорати баланд нишон дода, бо ҳисоби 3:0 пирўзӣ ба даст оварданд. Дарвозабони Тоҷикистон Рустам Ятимов ду пеналтиро баргардонд ва бозигари беҳтарини финал дониста шуд.

Ҳамин тавр, дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар аввалин иштирокаш дар “King’s Cup” соҳиби ҷом шуд.

Дар бозӣ барои ҷойи сеюм Тайланд Тринидад ва Тобагоро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *