Тоҷикистон барои табобати COVID-19 аз Хитой кӯмак хост

Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии COVID-19 ва табобати он аз Хитой кӯмак хостааст. Дар ин бора як манбаъ аз ҳукумати кишвар ба pressa.tj хабар дод.

Ҷузъиёти ин дархост ҳанӯз маълум нест, вале ба иттилои манбаъ ҳукумати кишвар аз давлати ҳамсоя хоҳиш кардааст, ки барои табобати короновирус ба Тоҷикистон мутахассис фиристад.
Тоҷикистон то дирӯз дар рӯйхати 20 давлати орӣ аз пандемияи короновирус буд. Вале санаи 30 апрел дар ҷаласаи Ситоди пешгирӣ аз паҳншавии короновирус таҳти сарварии Қоҳир Расулзода хабар дода шуд, ки дар қаламрави кишвар то имрӯз 15 ҳолати сироятёбӣ аз COVID-19, аз ҷумла 10 ҳолат дар вилояти Суғд ва 5 ҳолат дар шаҳри Душанбе ба қайд гирифта шудааст. Ин 15 нафар дар кистанд, чӣ тавр сироят ёфтаанд ва дар кадом ҳолат қарор доранд ҳанӯз рӯшан нест, вале бештари мардум бар онанд, ки теъдоди гирифторони COVID-19 аз 15 нафар зиёд аст.
Тасдиқ кардани мавҷудияти COVID-19 аз ҷониби ҳукумат дар ҳолест, ки тайи чанд вақти охир дар Тоҷикистон нафарони зиёде бо ташхиси пневмония бистарӣ мешаванд ва зиёда аз 10 нафар аз ин беморӣ даргузаштанд.
Ҳамчунин, як манбаъ хабар дод, ки шоми имрӯз намояндагони ТУТ – ташкилоти умумиҷаҳонии тандурусӣ вориди Тоҷикистон хоҳанд шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *