Тоҷикистон бо 13 медал 8-ум шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои 2-юми кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо 13 медал (1 тилло, 3 нуқра, 9 биринҷӣ) ҳаштум шуд. Дар ин Бозиҳо, ки варзишгарон аз 22 кишвар ширкат карданд, Тоҷикистонро 132 варзишгар дар 13 намуд намояндагӣ карданд.
Нишони тиллоро аз Тоҷикистон Меҳроҷ Суфиҷонов зери вазни то 48 кг дар намуди бокс ба даст овард. Муштазани тоҷик Меҳроҷ Суфиҷонов дар марҳилаи ниҳоӣ варзишгари тоҷиктабори Қирғизистон Зафарбек Комиловро мағлуб кард. Муштзани дигари тоҷик Анўшервон Фозилов дар вазни 51 кг дар ин рўз соҳиби медали нуқра шуд.
Ҳангома Исоева миёни духтарон дар вазни то 57 кг, миёни писарон Бузургмеҳр Иксанов (-54 кг), Рустамҷон Ашўров (-67 кг), Акмалҷон Абдувалиев (-86 кг) ва Руслан Федорин (-92 кг) соҳиби медалҳои биринҷӣ шуда буданд.
Паҳлавони ҷавони тоҷик Лоиқ Қутбиддинов дар ҷудо дар вазни то 55 кг медали нуқра ба даст овард, Мадина Қурбонзода дар вазни то 48 кг дар ҳамин намуди куштӣ медали биринҷӣ гирифт.
Мустафо Аҳмадов дар куштии озод дар вазни то 70 кг ва Сомонҷон Икромов дар вазни то 79 кг медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Медали биринҷиро Асламҷон Азизов дар куштии юнону румӣ дар вазни то 60 кг соҳиб шуд.
Дар куштии самбо Деваштич Убайдӣ барандаи медали нуқра шуд. Деваштич дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа бо далели шикастани қабурғааш натавонист барои медали тилло мубориза барад.
Ба ин тартиб Тоҷикистон бо гирифтани 13 медал дар Бозиҳои 2-юмин кишварҳои узви ИДМ дар Белорус дар мақоми ҳаштум қарор гирифт.
Дар садри ҷадвал аз рўи шумораи медалҳо аввал Русия (288 медал), баъдан Белорус (236 медал) ва Ўзбекистон (106 медал) қарор гирифтаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ