Тоҷикистон бо автобус ва микроавтобусҳои худӣ таъмин мешавад

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия мақсад дорад дар ояндаи наздик солиёна 100 адад автобуси шаҳрӣ ва микроавтобусҳо истеҳсол кунад.

Ба гуфтаи Зафар Бурҳонзода, директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Авесто Гурӯҳ” дар соли ҷорӣ 72 адад автобуси 12-метраи  тамғаи “AKIA” истеҳсол шуда ва то охири сол адади онҳо ба 100 хоҳад расид.

Вай рӯзи 13 ноябр ба ҳангоми баррасӣ ва тасдиқи Созишномаи иловагӣ ба Созишномаи сармоягузорӣ миёни Ҳукумати Тоҷикистон , Ҷамъияти “Авесто Гурӯҳ” ва ширкати “Ulasim Ic Ve Dis Ticaret Anonim Sirketi”-и Туркия оид ба сохтмонт корхонаи истеҳсоли нақлиёти ҷамъиятии мусофирбару боркаш ва таъсиси Маркази хизматрасонии техникӣ дар Тоҷикистон дар парлумони кишвар гуфт, дар назар ин корхона аз ибтидои соли оянда ба истеҳсоли автобусҳои мусофирбари 8,5 метра ва микроавтобусҳо шурӯъ кунад.

Зафар Бурҳонзода таъкид кард, ки ҳоло 90 дарсади қисмҳои эҳтиётӣ барои истеҳсоли автобусҳои ватанӣ аз хориҷа ворид шуда ва ҳоло корхона талош дорад дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияи нав истеҳсоли қисмҳои эҳтиётии бештарро дар корхонаҳои саноатии кишвар ба роҳ монад.

Корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркияи истеҳсоли автобусҳо бо тамғаи “Made in Tajikistan” бо сармояи хориҷии 20 миллион доллар  дар соли  2018 дар маҳаллаи Гулбуттаи шаҳри Душанбе фаъол шуд.

Феълан 215 нафар аз сокинони шаҳри Душанбе дар ин корхона бо корҳои бо маоши муносиб таъмин шуданд.

Ҳоло беш аз 500 адад қисми эҳтиётӣ аз кишварҳои хориҷӣ ворид гардида ва дар корхонаи Душанбе мошинҳо бастубанд мешаванд.

Арзиши автобусҳои ватанӣ нисбат ба автобусҳои хориҷӣ арзон аст. Масалан, қимати автобуси 12-метраи  тамғаи “AKIA”-и сохти Туркия 139 ҳазор евро бошад, арзиши ҳамин тамғаи автобуси ватанӣ 115 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *