Тоҷикистон боз қарз мегирад. Мо аз кӣ чӣ қадар қарздорем?
Дар маҷмӯъ то 1 октябри соли 2020 қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 3 миллиарду 700 миллион доллар баробар шудааст. Ба гуфтаи Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи кишвар ин миқдор қарз ба ҳолати аввали октябри соли равон ба 43,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.
Чаро Тоҷикистон қарз мегирад?
Файзиддин Қаҳҳорзода зимни баррасии барномаи нави қарзгирии Тоҷикистон дар парлумон гуфт, ки дар моҳҳои январ — сентябри соли ҷорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятдоштаи кишвар 5 созишномаи нави қарзӣ ба маблағи умумии 459,5 миллион доллар бо ташкилотҳои гуногуни молиявӣ ба имзо расонида шуд. Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, барои хизматрасонии қарзи беруна дар соли 2021 ҳудуди 213,5 миллион доллар, соли 2022 — 238,2 миллион доллар ва соли 2023 ҳудуди 243,3 миллион доллар ба нақша гирифта шудааст.
Қаҳҳорзода тавзеҳ дод, ки дар буҷа барои соли 2021 барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ 2,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, 1 миллиард сомонии он барои пардохти қарзи асосӣ ва 861,1 миллион сомонӣ барои пардохти фоизҳои он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда мешавад.
Тавре маълум аст, асосан қарзҳои Тоҷикистон барои сохтмони неругоҳҳо, аз ҷумла НБО “Роғун” равона мегардад. Вазири молияи Тоҷикистон ҳам, ҳангоми баррасии барномаи қарзгирии кишвар барои соли 2021 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2022-2023 аз нақшаи қарзгирӣ барои сохтмони НБО «Роғун» гуфта буд. Ба гуфтаи вазир, феълан 8 созишномаи қарзӣ дар сатҳи лоиҳавӣ қарор доранд, ки калонтаринашон қарз барои сохтмони НБО «Роғун» мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, барои сохтмони НБО «Роғун» гирифтани 340 миллион евро дар назар аст. Дар мавриди қарздиҳандагон Қаҳҳорзода илова намуд, ки тибқи нақша бояд аз бонкҳои аврупоӣ — Credit Suisse ва Landesbank Baden — Wiirttember гирифта шавад.
Қарзи Тоҷикистон ва оқибатҳои он
Ба андешаи таҳлилгарони масоили иқтисодӣ, меъёри қарзи берунаи Тоҷикистон аз марзи 50 фоиз дорад. Дар сурати аз 40 фоиз гузаштан, он метавонад хатари сиёсӣ ва иқтисодӣ ба миён орад. “70 фоизи маҳсулот ба кишвари мо аз берун ворид карда мешавад. Табиист, ки ин маҳсулот бо асъори хориҷӣ сурат мегирад. Масалан, Русия аз 20 фоиз қарзи хориҷиашро зиёд намекунад. Ҳарчанд бозораш аз хориҷа сахт вобастагӣ надорад. Имрӯз пардохти фоиз ва баргардонидани қарз як мушкилоти асосист. Махсусан, дар шароити пандемияи коронавирус, ки иқтисодиёти ҷаҳонро ба шикаст рӯ ба рӯ сохт. Ҳар сол аз 1 миллиард сомонӣ зиёд Тоҷикистон фоизи қарз месупорад.
Афзоши якбораи қурби қурби доллар низ омили дигари таъсиррасон дар пардохти қарз аст. Ҳоло қарзи беруна нисбат ба буҷети кишвар ба маротиб зиёд аст” ”, — мегӯяд соҳибназаре. Дар ин росто, мақомоти кишвар ба ин назаранд, ки ин қарзҳо имтиёзнок аст. Бештари он аз Чин аст, ки он ҳамчун кишвари боътимод ва шарики стратегист. Вале ҷомеаи кишвар нигарон аз он доранд, ки бештари қарзи Тоҷикистон аз бонкҳои Чин аст. Он метавонад хавфи торафт вобаста шудани кишварро аз Чин афзун намояд.
Дар ҳамин маврид Аброр Мирсаидов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор мегӯяд, ки ҳоло қарзи давлатии Тоҷикистон ба он меъёре, ки коршиносон нигаронӣ доранд ва хатарро пешгӯӣ мекунанд, нарасидааст. “То 60 фоиз меъёри байналмилалӣ аст. Айни замон қарзи кишвари мо ба ин миқдор нест. Қарзҳои Тоҷикистон ҳам афзалиятнок ва барои бунёди роҳҳо ва рушди иқтисод равона мегардад. Ҳоло қарзи Тоҷикистон аз 30-35 фоиз зиёд нест”, — гуфт Мирсаидов.
Ҳарчанд хостем доир ба ин мавзӯъ андешаи мақомоти расмӣ ва иқтисодшиносонро гирем, аммо бисёриҳо дар ин бора хомӯшӣ ихтиёр мекунанд ё назар намедиҳанд. Суҳбат ҳам кунанд, аммо бидуни ишораи ном. Аҷиб. Шояд баъд аз чопи ин матлаб вазорати молия ва дигар ниҳодҳои марбутаи кишвар, ки ба сиёсати пулию молии кишвар сару кор доранд, дар мавриди қарзи Точикистон, оқибатҳои он ба хонандагон равшанӣ диҳанд.
Усмон Раҳимзода
Қарзи хориҷии Тоҷикистон то 1-уми апрели 2020 Рӯйхат дар асоси маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон таҳия шудааст. | |
«Эксимбонк»-и Чин | 1 миллиарду 138 миллиону 30 ҳазор доллар |
Вомбаргҳо (евробондҳо) | 500 миллион доллар |
Бонки Ҷаҳонӣ | 329,50 миллион доллар |
Бонки Осиёии Рушд | 270,71 миллион доллар |
Бонки Исломии Рушд | 136,76 миллион доллар |
Фонди Саудии Рушд | 78,91 миллион доллар |
Фонди зиддибуҳронии Иттиҳоди Иқтисодии АвруОсиё | 69 миллион доллар |
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд | 56,58 миллион доллар |
Фонди ОПЕК | 40,52 миллион доллар |
Фонди Кувайтии Рушд | 36,77 миллион доллар |
Бонки Осиёии Инфрасохтор | 27,18 миллион доллар |
Фаронса | 21,91 миллион доллар |
Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ | 19,21 миллион доллар |
Бонки Олмонии Рушд | 18,73 миллион доллар |
Фонди Абузабии Рушд | 9,71 миллион доллар |
Фонди Байналмилалии Рушди кишоварзӣ | 6,72 миллион доллар |
Амрико | 3,52 миллион доллар |
Қарзи ҷалбкардаи Бонки Миллии Тоҷикистон: | |
Сандуқи Байналмилалии Пул | 28,49 миллион доллар |
Чин | 3 миллион доллар |
Бонки Исломии Рушд | 2,54 миллион доллар |
Қарзҳое, ки вазорату идораҳои Тоҷикистон гирифтаанд: | |
Қарзҳо бо кафолати давлатӣ | 79,80 миллион доллар |
Қарзҳо бе кафолати давлатӣ | 31,52 миллион доллар |
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ