Тоҷикистон чӣ қадар маҳсулоти худӣ дорад ва чӣ қадарро ворид месозад?
Чӣ қадар маҳсулоти ниёзи аввалро ҷумҳурӣ худаш тавлид мекунаду чӣ қадарро ворид месозад, иброз дошт оиби вазири молияи Тоҷикистон
Карим Гулмуродзода, ноиби вазири молияи Тоҷикистон далели боло рафтани маҳсулоти ниёзи аввал дар ҷумҳуриро ба тағйирёбии қурб рабт дода, додани сабукиҳо барои воридоти ин навъи мол аз хориҷро муҳим хонд.
Гулмуродзода ин нуктаро ҳафтаи равон зимни баррасии тағйирот ба қонуни буҷаи соли 2022 баён дошт.
Бинобар таъкиди ноиби вазири молия, дар Тоҷикистон барои воридоти орд, нуриҳои минералӣ ва сӯзишворӣ сабукӣ дода мешавад. ки барои муътадил нигоҳ доштани нархи молу маҳсулот мусоидат мекунад, афзуд— Sputnik.
Бино ба гуфтаи ӯ, дар Тоҷикистон чӣ қадар дар бозори молҳои муҳим маҳсулоти худӣ дорад ва чӣ қадарро ворид месозад.
Соли 2021 воридоти гандум 1 миллиону 28,1 ҳазор тонна, шакар 101,1 ҳазор тонна, орд 56,7 ҳазор тонна, равғани рустанӣ 92,6 ҳазор тонна, биринҷ 30,8 ҳазор тонна, карбамид 88,6 ҳазор тонна, селитра 40,6 ҳазор тоннаро ташкил додааст.
» Дар ҷумҳурӣ соли сипаришуда истеҳсоли гандум 876,1 ҳазор тонна, орд 828 ҳазор тонна, равғани рустанӣ 23,5 ҳазор тонна, биринҷ 17,6 ҳазор тонна, гӯшт 67,7 ҳазор тоннаро ташкил дод», — гуфт, ноиби вазири молия Гулмуродзода.
Бинобар асоси тағйироти пешниҳодкардаи ҳукумат, ки парлумон қабул намуд, воридоти маҳсулоти ниёзи аввал, аз қабили орду гандум, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ аз сӯи Агентии захираҳои моддии давлатӣ бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда, боҷи гумрукӣ ва аксиз сурат мегирад.
Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар бахши иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашӯрзода гуфт, ин сабукиҳо ба Агентии захираҳои моддии давлатӣ имкон медиҳад, ки аз ҷониби агентӣ маҳсулоти озуқа, сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ аз хориҷи кишвар бе мамониат ворид ва бо нархҳои нисбатан дастрас ба аҳолӣ пешниҳод шавад.
«Ворид намудан ва ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти озуқа боиси нигоҳдории нархҳо дар бозори дохилии ҷумҳурӣ гашта, ба иқтисодиёти кишвар низ таъсири мусбат мерасонад», — изҳори боварӣ кардаст вакил дар ҷаласа.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ