Тоҷикистон чӣ қадар «наркоман» дорад?

Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, Ҳабибулло Воҳидзода гуфт, сатҳи нашъамандӣ ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ ба 5 ҳазору 130 нафар расидааст, ки дар муқоиса ба соли гузашта 245 нафар ё 4,6 фоиз коҳиш ёфтааст, хабар медиҳад “Ховар”.
Ба иттилои манбаъ, дар панҷ соли охир сатҳи нашъамандӣ 27,4 фоиз кам шудааст, ки сабаби он корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба ин васила баланд гардидани маълумотнокии аҳолӣ оид ба оқибатҳои зарари нашъамандӣ, инчунин тартиби дуруст ба роҳ мондани бақайдгирии беморони нашъаманд дар марказҳои наркологӣ мебошад.
Ба гуфтаи ӯ, аксарияти маводи мухаддир, ки ба таври қочоқ ба Тоҷикистон ворид мегардад, дар хати сарҳад ё дар минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира шудаанд.
“Мо ба воридшавии маводи нашъадор ба дохили Тоҷикистон ва минбаъд аз Тоҷикистон ба дигар кишварҳо садди устувор гузоштем”,- гуфтааст Воҳидзода.
Номбурда гуфтааст, ҳамасола мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон аз 500 то 1000 ҷиноятои мухаддиротиро муайян ва ошкор менамоянд. Танҳо дар 11 моҳи соли равон 615 ҷиноятҳои вобаста ба маводи муходдир ошкор ва ба қайд гирифта шуданд.
Маводи мухаддир давоми 11 моҳи соли равон мусодирашуда ба 2 тоннаю 236 кг расидааст.
«Дар Тоҷикистон ҳаҷми мусодираи маводи мухаддири афғонӣ аз ҳаҷми умумие, ки дар ҳамаи кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Россия мусодира гардидааст, зиёдтар мебошад»,-гуфтааст, ӯ.
Директори Агентӣ гуфтааст, ки давоми солҳои 2017-2020 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 35 гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии фаромиллӣ ошкор ва фаъолияташон қатъ карда шуда, 84 нафар саркардагон ва аъзои фаъоли онҳо ба ҳабс гирифта шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *