Тоҷикистон дар Ҷоми ҷаҳон-2026 бо Саудӣ ва Урдун бозӣ мекунад
Ҳарифони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян шуданд. Тими миллии Тоҷикистон дар гурӯҳи «G» бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Урдун ва ғолиби ҷуфти даври аввали интихобӣ миёни дастаҳои Камбоҷа — Покистон бозӣ хоҳад кард.
Дар марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 дар қораи Осиё 36 даста ширкат мекунанд. Дастаҳо аз 16-уми ноябри соли 2023 то 11-уми июни соли 2024 шаш бозӣ анҷом медиҳанд.
Пас аз ҷамъбасти даври дуюми интихобӣ ғолибони нуҳ гурӯҳ ва дастаҳое, ки дар чаҳоргонаи худ ҷойҳои дуюмро мегиранд, муборизаро дар даври сеюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 идома дода, ҳамзамон соҳиби роҳхат ба қисмати финалии Ҷоми Осиё-2027 мешаванд.
Қуръакашии даври сеюми Ҷоми ҷаҳон-2026 соли 2024 баргузор мешавад. Аз рўи натиҷаи он 18 даста ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд. Пас аз натиҷагирии даври сеюм ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ соҳиби роҳхат ба қисми ниҳоии Ҷоми ҷаҳон-2026 мешаванд. Боз ду даста аз Осиё дар даври чоруми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 муайян карда мешавад ва як роҳхати дигари эҳтимолӣ тавассути плей-оффи байниқитъавӣ соҳиби худро хоҳад ёфт.
18 даста, ки дар даври дуюми марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026 ҷойҳои сеюм ва чорумро мегиранд, ба даври сеюм ва қисми ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 роҳ меёбанд.
Натиҷаи қуръакашии даври дуюми мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2026:
Гурӯҳи «А»: Қатар, Ҳиндустон, Кувайт, ғолиби ҷуфти Афғонистон — Муғулистон.
Гурӯҳи «В»: Ҷопон, Сурия, Куриёи Шимолӣ, ғолиби ҷуфти Мянмар — Макао.
Гурӯҳи «С»: Куриёи Ҷанубӣ, Чин, Тайланд, ғолиби ҷуфти Сингапур — Гуам.
Гурӯҳи «D»: Уммон, Қирғизистон, Малайзия, ғолиби ҷуфти Тайбейи Чин — Тимори Шарқӣ.
Гурӯҳи «E»: Эрон, Ўзбекистон, Туркманистон, ғолиби ҷуфти Ҳонконг — Бутан.
Гурӯҳи «F»: Ироқ, Вйетнам, Филиппин, ғолиби ҷуфти Индонезия — Бруней.
Гурӯҳи «G»: Арабистони Саудӣ, Урдун, Тоҷикистон, ғолиби ҷуфти Камбоҷа — Покистон.
Гурӯҳи «H»: АМА, Баҳрайн, ғолиби ҷуфти Яман — Шри-Ланка, ғолиби ҷуфти Непал — Лаос.
Гурӯҳи «I»: Австралия, Фаластин, Лубнон, ғолиби ҷуфти Малдив — Бангладеш.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ