Тоҷикистон дар Бишкек бо Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур бозӣ мекунад

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар гуруҳи “F” бозӣ мекунад. Рақибони дастаи мо дастаҳои мунтахаби Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур хоҳанд буд.

Дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар Куала-Лумпур қуръакашии мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 баргузор шуд. Дар натиҷа шаш гуруҳи иборат аз чор даста ташкил карда шуд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо Қирғизистон, Мянмар ва Сингапур дар як гуруҳ қарор гирифт. Бозиҳои гуруҳӣ бо иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар шакли мутамарказ дар як давр рӯзҳои 8, 11 ва 14-уми июн дар Бишкек баргузор мешаванд. Тоҷикистон бозии аввали худро рӯзи 8-уми июн бо дастаи Мянмар баргузор мекунад. Сипас, рӯзи 11-уми июн бо Синагпур вомехӯрад ва 14-уми июн бо Қирғизистон нерӯ месанҷад.

Ба даври ниҳоӣ 11 даста, шаш дастаи ғолиби гуруҳ ва инчунин панҷ дастае, ки бо натиҷаҳои беҳтарин дар ҷойи дуюм қарор гирифтаанд, роҳхат мегиранд.

Натиҷаҳои қуръакашии сабқати интихобии Ҷоми Осиё-2023:

Гуруҳи “А”: Урдун, Кувайт (мизбон), Индонезия, Непал.

Гуруҳи «В»: Фаластин, Филиппин, Яман, Муғулистон (мизбон).

Гуруҳи C: Ӯзбекистон (мизбон), Тайланд, Малдив, Шри-Ланка.

Гуруҳи D: Ҳиндустон (мизбон), Ҳонконг, Афѓонистон, Камбоҷа.

Гуруҳи «Е»: Баҳрайн, Туркманистон, Малайзия (мизбон), Бангладеш.

Гуруҳи F: Қирғизистон (мизбон), Тоҷикистон, Мянмар, Сингапур.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *