Тоҷикистон дар сабади сеюм ҷой гирифт
Конфедератсияи футболи Осиё рўйхати пурраи сабадҳои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022-ро нашр кард, ки дар он дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар сабади сеюм ҷой гирифт.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар таърихи худ бори ёздаҳум дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат мекунад, дар сабади сеюм қарор гирифт. Дар ин сабад дастаҳои Тайланд, Тайбейи Чин ва Кореяи Ҷанубӣ низ ҳастанд, ки Тоҷикистон бо ин дастаҳо бозӣ намекунад.
Аз рўи натиҷаи қуръакашӣ чор гуруҳ иборат аз чордастаӣ ташкил карда мешавад. Аз ҳар гуруҳ ду даста ба даври чорякниҳоӣ роҳ меёбанд.
Марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2022 аз 27-уми сентябр то 8-уми октябр дар Кувайт баргузор мешавад.
Таркиби сабадҳо барои қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2022:
Сабади 1: Кувайт, Эрон, Ҷопон, Ўзбекистон.
Сабади 2: Ироқ, Лубнон, Ветнам, Баҳрайн.
Сабади 3: Тайланд, Тайбейи Чин, Тоҷикистон, Кореяи Ҷанубӣ.
Сабади 4: Арабистони Саудӣ, Индонезия, Туркманистон, Уммон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ