Тоҷикистон интиқоли обро ба Қазоқистон зиёд кард

Тоҷикистон барои обёрии заминҳои кишоварзӣ ба Қазоқистон ҳудуди 500 млн метри мукааб об додааст.

Ба иттилои Вазорати захираҳои об ва обёрии Қазоқистон,  дар қиёс ба соли гузашта Тоҷикистон 40 млн метри мукааб бештар об ба Қазоқистон дод.

«Аз 1 июни соли равон Тоҷикистон ба Қазоқистон тавассути канали байнидавлатии «Достик» 488,6 млн метри мукааб об фиристод. Ин рақам нисбат ба соли гузашта 40 млн ва аз ҳаҷми пешбинишуда дар соли равон 45 млн метр мукааб зиёд аст», — омадаасат дар хабари вазорат.

Ба гуфтаи Нурҷон Нуржигитов, вазири захираҳои об ва обёрии Қазоқистон, Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ барои Қазоқистон шарики муҳим боқӣ мемонад.

«Аз ин рӯ, мо ба кори муштарак дар масъалаи идоракунии захираҳои об ва ҳифзи захираҳои об таваҷҷуҳи зиёд медиҳем», — қайд кардааст вазир.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *