Тоҷикистон истеҳсоли равғани растаниро зиёд мекунад

Тоҷикистон дар давоми се соли наздик ният дорад, ки истеҳсоли равғани растаниро ба миқдори 57% зиёд карда, воридоти онро дар ин давра 2,1% кам кунад. Дар ин бора дар “Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024” маълумот дода шудааст.

Дар пайи болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввал дар кишвар қимати равған низ боло рафт. Ин боиси норозигии мардум гардид. Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” низ ҳафтаи гузашта дар ин мавзуъ матлабе ба нашр расонида буд. Ахиран маълум шуд, ки дар доираи “Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2024” истеҳсоли равған дар кишвар афзоиш меёбад. Мувофиқи ин санад, то соли 2024 ҳаҷми воридоти равғани растанӣ ва чарбӯ то 94 ҳазор тонна коҳиш меёбад.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воқеии воридот дар соли гузашта ба таври назаррас аз нишондиҳандаи нақшавӣ зиёд шуда, аз хориҷи кишвар ба маблағи беш аз 148 млн доллар 123 ҳазор тонна равған харида шуд.

Тибқи нақша, бояд 100 ҳазор тонна харида мешуд. Дар се моҳи аввали соли 2022 Тоҷикистон ба маблағи 42 млн доллар аллакай 37 ҳазор тонна равғани растанӣ ворид намуд. Тибқи арзёбии коршиносон, имсол ҳам воридот метавонад аз нақша зиёд шавад.

Дар баробари ин, дар дохили кишвар ният доранд, ки ҳаҷми истеҳсоли равған, асосан равғани пахтаро зиёд кунанд.

Дар ҷаласаи рӯзи 23-юми марти ҳукумат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид дастуру супоришҳо дод.

Айни замон дар ҷумҳурӣ 52 корхонаи истеҳсоли равғани растанӣ фаъолият дошта, иқтидори умумиашон 80 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад. 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *