Тоҷикистон кай шомили ИИАО мешавад?
Тоҷикистон барои қабули қарор дар бораи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё таҷрибаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Дар ин бора вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин баён дошт. Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба омӯзиши таҷрибаю шароити пайвастани Арманистон ва Қирғизистон ба ин иттиҳоди иқтисодӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
«Зеро ин кишварҳо бо Тоҷикистон нишондиҳандаҳои иқтисодии шабеҳ доранд»,- шарҳ дод вазир.
Ҳамчунин, Сироҷиддин Муҳриддин таъкид дошт, ки ниҳодҳои дахлдори кишвар то ҳол ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро мавриди омӯзиш қарор дода истодаанд.
«Тасмими шомил шудан ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳадди аксар ҳазмшудаю омӯхта хоҳад буд»,- хулоса кард ӯ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ