Ҳабибулло Воҳидзода

Тоҷикистон: Муътод каму мусодира зиёд

Дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунӣ беш аз 4 тоннаю 160 кило маводи нашъаовар мусодира карда шудааст. Дар ин бора директори Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон, генерал Ҳабибулло Воҳидзода дар нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ ҳаҷми маводи нашъаовари мусодирашуда дар соли 2022 дар қиёс бо нишондиҳандаи соли пешин 77 кило бештар мебошад.

Ниҳоди мазкур дар мавриди ҷиноятҳои марбут ба маводи нашъаовар иттилоъ дод, ки соли гузашта нисбат ба соли қаблӣ 3% кам ба қайд гирифта шудаанд.

Тавзеҳ дода шудааст, ки давоми соли 2022 ҳамагӣ 681 ҷинояти марбути маводи мухаддир ба қайд гирифта шуд, ки ин нишондиҳанда дар соли 2021 ба 707 ҷиноят баробар буд.

Директори Агентии назорати маводи нашъаовар дар Тоҷикистон афзуд, ки шумораи нашъамандон дар кишвар коҳиш ёфтааст. Ба иттилои номбурда, соли 2022 дар ҷумҳурӣ 4381 нашъаманд расман ба қайд гирифта шудааст, ки камтар аз нишондоди қаблӣ мебошад.

Аз теъдоди умумии нашъамандон 101 нафари онҳо занон мебошанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *