Тоҷикистон: Наҷотдиҳандагон таҷҳизоти назорати амнияти радиатсионӣ дарёфт мекунанд

Миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон ва Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон як ёддошти ҳамкорӣ дар соҳаи мониторинги радиатсионӣ ба имзо расидааст.

Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар, ёддошти мазкур имкон медиҳад, ки ҳамкориҳо дар заминаи мониторинги радиатсионӣ ва интиқоли мутақобилаи маълумот дар бораи вазъи радиатсионӣ дар кишвар дар доираи ёрии техникии МАГАТЭ ба маблағи 169,4 ҳазор евро дар лоиҳаи IAEA Project TAD9008 густариш ёбанд.

— Таҷҳизоти интиқолшуда системаҳои назорати радиатсионӣ SpectroTRACER, ки аз ҷониби Бертин ГМБХ (Олмон) истеҳсол шудааст, дохил мешаванд. Онҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб барои назорати доимии вазъи радиатсионӣ дар кишвар насб карда мешаванд. Ин система барои истифодаи мониторинги радиатсионӣ дар доираи лоиҳа пешбинӣ шуда, барои иҷрои вазифаҳои Раёсати асосии ҳифзи аҳолӣ, маркази идоракунии буҳронӣ ва лабораторияи ҷумҳуриявии химиявӣ ва радиометрии КҲФ истифода мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *