Тоҷикистон назар ба соли гузашта се зина боло рафт
Тоҷикистон дар раддабандии нави “Ҳисоботи хушбахтии дунё” се зина бола рафта, мавқеи 80-умро ишғол кард. Беҳтарин натиҷаи Тоҷикистон дар ин раддабандӣ соли 2020 мавқеи 71-ум буд.
Ҳамин тавр, дар ин раддабандӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон ҷои 44-ум ва Ӯзбекистон ҷои 54-умро соҳиб шудаанд.
Ду давлати дигари минтақа – Қирғизистон ва Туркманистон ба рӯйхат шомил нагардидаанд. Дар садри раддабандӣ бошад, инак 6 сол мешавад, ки пайи ҳам Финландия қарор мегирад. Дар зинаҳои баъдӣ Дания, Исландия, Исроил ва Ҳолланд ҷойгир шудаанд.
Раддабандии “Ҳисоботи хушбахтии дунё” аз соли 2012 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид тартиб дода мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ