Тоҷикистон порае аз Чин аст?

Моҳи январи имсол пойгоҳи хабарии “Гул баёнгари таърих” (鲜花畅谈历史) , ки бештар доир ба мавзуҳои таърихӣ мақолаву гузориш нашр мекунад, мақолаеро бо номи “Таърихи Тоҷикистон, ки 9,28 миллион нафар аҳолӣ дорад, аз куҷо сарчашма мегирад?” навиштааст, ки “Тоҷикистон ҳамеша дар ҳудуди Чин буд”.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гузориши чанде аз расонаҳои чиниро иғво номид, ки навиштаанд, “дар гузашта қаламрави ҳозираи Тоҷикистон порчае аз қаламрави Чин буд.”
Сироҷиддин Муҳриддин гуфт, рӯзи 15-уми феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, ки баъди нашри чунин гузоришҳо ба Вазорати корҳои хориҷии Чин нота фиристоданд ва намояндагони Сафорати Тоҷикистон бо масъулини расонаҳои марбута мулоқот кардаанд. У гуфт: «Нисбати ин мақолаҳои провокатсионӣ мо корҳои заруриро ба роҳ мондем. Худи ҳамон рӯзҳо аз вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба вазорати хориҷаи он кишвар ёддошт фиристодем. Намояндагони сафорати мо бо намоядагони вазорати корҳои хориҷӣ ва расонаҳои ғайридавлатӣ суҳбат доштанд. Дар натиҷаи ин вохӯриҳо мақолаи провакатсионӣ бардошта шуд.»
Вазир афзуд: “Мо ҳамкориҳои ниҳоят хуби дуҷониба бо Чин дорем, инчунин дар ин масъалаҳо ҳам. Мо вақте муроҷиат мекунем, ҷониби Чин дарҳол ҷавоб мегардонад ва ҳамавақт аз ҳамкории ҳамаҷонибаи стратегии ду давлат ёд меорад ва мегӯяд, ки ин ҳеч вақт мавқеи Чин нест, он чизе ки дар сомонаҳои ғайридавлатӣ чоп мешавад. Моро доим хабар медиҳанд, ки дониста бошем ки ин мавқеи расмӣ нест.”
Сироҷиддини Муҳриддин гуфт, ки пас аз ирсоли ёддошт, матолиби нашршуда аз саҳифаи расонаҳои чинӣ бардошта шудаанд ва Вазорати умури хориҷии Чин ҳам гуфтааст, “ин матлабҳо баёнгари мавқеи расмии Пекин нест.” Мақомоти расмии Чин дар робита ба ин мақолаҳо расман изҳори назар накардаанд.
Нашри пайиҳами матлабҳо дар расонаҳои чинӣ, ки “бархе аз қисматҳои Тоҷикистон”-ро ҳамчун заминҳои Чин арзёбӣ мекунанд, нигарониҳоеро ба миён овардааст. Моҳи январи имсол пойгоҳи хабарии “Гул баёнгари таърих” (鲜花畅谈历史) , ки бештар доир ба мавзуҳои таърихӣ мақолаву гузориш нашр мекунад, мақолаеро бо номи “Таърихи Тоҷикистон, ки 9,28 миллион нафар аҳолӣ дорад, аз куҷо сарчашма мегирад?” навиштааст, ки “Тоҷикистон ҳамеша дар ҳудуди Чин буд”.
Мақола имзо надорад ва дар он гуфта нашудааст, ки ин нуктаро нависанда аз кадом ҳуҷҷатҳои таърихӣ овардааст. Вале он чӣ дар идома омадааст, бояд хонандаи чиниро бовар диҳад, ки Тоҷикистон ва ҳама Осиёи Марказӣ бахше аз қаламрави таърихии Чин будаанд.
Як вебсайти дигари чинӣ, ки бештар дар бораи минтақаҳои сайёҳии ин кишвар менависад, бо нашри мақолае гуфта буд, ки “Тоҷикистон дар пайи кумакҳои Чин ҳудуди баҳсиро баргардонд”. Номи нависандаи матлаб низ зикр нашудааст, вале бо такя ба манбаъҳои худ дар долонҳои расмии Чин овардааст: “Гуруҳи кории Чин дар он заминҳои ба мо ганҷ ва маъданҳои зиёди табиӣ кашф кардаанд. Ҳарчанд ин сарватҳо дигар аз Чин аст, вале кишвари мо тасмим гирифтааст, ки қисме аз онро ба Тоҷикистон ҳам диҳад.”
«Чин бузург аст ва расонаҳояш ҳарчӣ хоҳанд менависанд»
Соли 2011 давлати Тоҷикистон ба манзури ҳалли масоили марзӣ бо Чин 1 ҳазору 158 километр қаламрави худро дар вилояти Бадахшон ба ин кишвар дод. Ҳарчанд мақомоти тоҷик ин ҳалли баҳси марзӣ аз ин роҳро дастоварди “бузург” дар ҳалли мушкили марзӣ номиданд, мухолифин онро сахт танқид карданд.
“Мавҷи алоқаи Чин” дар моҳи январ мақолаи дигарро ҳам бо номи “Тоҷикони Чин ва тоҷикони Тоҷикистон чӣ фарқ доранд” нашр карда, гуфтааст, ки дар гузашта ва имрӯз тоҷикони Тошқӯрғон дар ҳудуди Чин бо мазҳабу ойинҳои худ бештар ба сокинони минтақаи Помир монанд ҳастанд. “Аз ҳамин сабаб тоҷикони кӯҳистонӣ ҳамеша барои мустақилияти қавми худ мубориза бурдаанд” — омадааст дар ин мақола.
Нашри чунин гузоришҳо ҳамеша нигарониҳоеро дар дохили Тоҷикистон ба миён овардааст ва бархе ба қарзи ҳангуфти Тоҷикистон дар назди Чин ишора карданд. Аммо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар Чин 1,5 миллиард аҳолӣ ва даҳҳо расонае аст, ки «ҳар чизе хоҳанд менависанд” ва ин мавқеи расмии он кишвар нест.
Бо ин вазъ то ҳол маълум нест, ки ёддошт, ё нотаи Душанбе ба Пекин то куҷо ба нашри матлабҳои баҳсбарангез дар бораи заминҳои Тоҷикистон хотима мегузорад.
“озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *