Тоҷикистон рақамӣ мешавад. Нахустин Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» чӣ дод?
Бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон ва Бонки миллӣ дар шаҳри Душанбе аввалин Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор шуд. Дар ин форум беш аз 1000 нафар намояндагони ширкатҳои бонуфуз ва мақомоти давлатӣ аз 26 кишвари ҷаҳон иштирок доштанд. Баромадкунандагони форум дар баробари дастовардҳо дар соҳаи технологияи рақамӣ, мушкилот ва роҳҳои ҳалро низ пешниҳод карданд.
Иқтисоди рақамӣ дар рақам
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода ҳангоми суханронии худ гуфт, ки дар даҳ соли охир суръати рушди иқтисоди рақамӣ нисбат ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ 2,5 маротиба афзоиш ёфтааст. Ҳиссаи иқтисоди рақамӣ ба ҳисоби миёна беш аз 15 фоизи ММД-и глобалиро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда барои кишварҳои алоҳида то 40 фоиз ба назар мерасад.
Ба таъкиди Завқизода, ҳаҷми умумии тиҷорати электронӣ дар ҷаҳон аз 17 трлн доллар дар соли 2016 то 27 трлн доллар дар соли 2022 ё 1,6 маротиба афзоиш ёфтааст. Инчунин, истифодабарандагони смартфонҳо аз 1 млрд адади соли 2014 то 5 млрд адад дар соли 2024 ё 5 маротиба зиёд шудааст.
Вазири иқтисод вобаста ба саҳми рушди иқтисоди рақамӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон, ҳадафу афзалиятҳо ва дастовардҳои Ҳукумати кишвар дар самти рақамигардонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ибрози андеша намуда, гуфт, ки дар ин самт корҳои муҳим иҷро карда шуданд.
“Аз ҷумла, Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, Барномаи савдои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029 ва тағйиру иловаҳо ба беш аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар қабул ва амалӣ шуда истодаанд”,- гуфт номбурда.
Дар форум маълумот оид ба рақамигардонии 17 соҳаи иқтисоди миллӣ низ садо дод. Рақамикунонии низоми моделсозию дурнамосозӣ, низоми иҷозатномадиҳӣ, бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, роҳхат ва борхатҳои электронӣ, низоми биллингии пардохтҳои неруи барқ, пардохтҳои ғайринақдӣ ва хизматрасониҳои бонкӣ, системаи электронии амалиёти молиявии SGB-net ва таъсиси утоқи шахсии андозсупоранда барои пардохти электронии андозҳо, низоми ягонаи рақамии иттилоотии идоракунии тандурустӣ, рақамикунонии барориши шиносномаҳои хориҷию дохилӣ ва e-visа, шаҳри ҳушманд бо низомҳои рақамии хизматрасониҳои мусофиркашонӣ аз ин қабиланд.
Аз низоми ғайринақдӣ то пешниҳоди Икромӣ
Cироҷиддин Икромӣ, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар форум рақамикунониро асоси рушди устувори иқтисод номид. Ба таъкиди ӯ, бахши молиявӣ дар ин раванд нақши калидӣ дорад.
“Низоми бонкӣ яке аз пешсафони ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва рақамикунонии бахши молиявии Тоҷикистон ба шумор меравад. Рушди низоми бонкӣ тавассути роҳандозии ислоҳоти инфрасохторӣ, ҷорӣ намудани инноватсияҳои молиявӣ ва паҳн гардидани технологияҳои муосири электронӣ амалӣ гашта, усулҳои анъанавии хизматрасонии бонкӣ ва молиявиро босуръат тағйир медиҳад. Бонки миллии Тоҷикистон солҳои охир барои такмили инфрасохтори пардохтӣ ва заминаи ҳуқуқӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи технологияҳои рақамӣ ва васеъ намудани имкониятҳои дастрасии молиявии аҳолӣ саъйу кўшиши зиёд ба харҷ дода истодааст”,-иброз дошт номбурда.
Ба гуфтаи Сироҷиддин Икромӣ, ҷорӣ намудани технология ва маҳсулоти нави рақамӣ ба бонкҳо имкон медиҳад, ки ба муштариён роҳҳои осону мусоид ва самараноки идоракунии маблағҳои худро пешниҳод намоянд.
Муовини раиси Бонки миллӣ низоми пардохтҳои ғайринақдиро, ки аз соли 2023 инҷониб дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, яке аз қадамҳои муҳим донист. Зеро мувофиқи он пардохти ҳамаи хизматрасониҳои муздноки давлатӣ танҳо тариқи ғайринақдӣ анҷом дода мешавад.
“Афзоиши ҳиссаи пардохти ғайринақдӣ барои шаффоф гардидани иқтисодиёт ва дар ин замина, ба воридшавии маблағҳои бештар ба буҷети мамлакат мусоидат менамояд. Барои кам гардидани фарсудашавии пулҳои нақд, боло рафтани нуфузи соҳибихтиёрӣ ва беҳтар шудани фазои сармоягузории кишвар робитаи мустақим дорад. Ҳамчунин, ин раванд барои коҳиш додани омилҳои инсонӣ ва паст кардани сатҳи коррупсия бевосита таъсир мерасонад”,- гуфт Икромӣ.
Зикр шуд, ки имрӯз аҳолии кишвар имкон доранд бо истифода аз суратҳисобҳои бонкӣ, кортҳои пардохтии бонкӣ, замимабарномаҳои мобилӣ ва дигар воситаҳои пардохти ғайринақдӣ маблағи хизматрасониҳои давлатиро пардохт намоянд.
Муовини раиси Бонки миллӣ Сироҷиддин Икромӣ барои иҷрои босамари фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оид ба гузаштан ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ фаъолнокӣ ва хоҳиши вазорату идораҳои калидӣ, инчунин баланд бардоштани маърифати молиявии истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкиро зарур шуморид.
“Дар ин раванд душвориҳо низ вуҷуд доранд. Аз ҷумла дар ҳолати гуногун қарор доштани заминаи моддию техникии вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои давлатӣ, набудани низомҳои иттилоотию биллингӣ дар аксари онҳо, суръати пасти интернет дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат, то ҳол ҷой доштани ҳолатҳои қабул шудани маблағи нақд ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ…”,- изҳори нигаронӣ кард Икромӣ.
Номбурда гуфт, ки вазорату идораҳои масъул ҷиҳати иҷрои фармон бояд назорати доимӣ баранд. Ҳамчунин, аҳолӣ низ ҳангоми мушоҳида намудани қабули маблағҳои нақд бояд саривақт ба мақомоти дахлдор муроҷиат намоянд.
Рақамикунонӣ дар гумрук
Хуршед Каримзода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Тоҷикистон дар форум оид ба рақамикунонии мақомоти гумрук изҳори назар намуд. Ӯ гуфт, ки ҳоло дар назди мақомоти гумрук равзанаи ягона амал мекунад ва 12 мақомот ба он шомиланд. Тавассути равзанаи ягона амалиётҳои воридоту содирот ва транзитӣ ба расмият дароварда мешавад.
“Ҳадаф аз ин иқдом шаффофият ва аз байн бурдани монеаҳо ҳангоми фаъолият аст”,- гуфт Каримзода.
Дар форум намояндагони дигар ниҳодҳои иқтисодии кишвар низ вобаста ба самти фаъолияти худ изҳори назар намуданд. Аз ҷумла, директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон Хуршед Файзуллозода иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории форум муаррифии имконият ва зарфияти Тоҷикистон дар самти рақамикунонии инфрасохтори давлатӣ ва бахши хизматрасонии молиявӣ мебошад. Инчунин, табодули таҷриба бо мутахассисони байналмилалӣ ба рушди саноат ва тиҷорати рақамӣ дар кишвар аст.
Намоишгоҳ дар форум
Дар ҳамоиши форум зиёда аз 30 ширкат аз кишварҳои гуногун технологияҳои нав ва маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд. Ин форуми байналмилалӣ ба ҳолати ҳозира ва масъалаҳои мубрами рақамисозии бахши хизматрасониҳои молиявии савдои чакана ва саноати чаканафурӯшии Тоҷикистон бахшида шуда буд. Намояндаҳои ширкатҳои технологияи молиявӣ ва стартапҳо, паркҳои иттилоотӣ, сармоягузорону ширкатҳои сармоягузорӣ, ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ, консалтингӣ, низомҳои пардохт низ баромад ва мубодилаи таҷриба намуданд. Барномаи форум аз баррасии ҷанбаҳои муҳими рушди минбаъдаи ҷомеаи рақамии муосири Тоҷикистон, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ҳукумати электронӣ, тағйироти бонкӣ, технологияи молиявӣ, амнияти киберӣ, муколамаи судманди тарафҳо иборат буд.
Ба андешаи мутахассисони соҳа, ин форум барои суръат бахшидан ба рушди хизматрасониҳои давлатӣ, иқтисод ва рақамисозии Тоҷикистон такон хоҳад бахшид.
Усмон РАҲИМЗОДА
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ