Тоҷикистон раис шуд, президентҳо ба Душанбе меоянд
Раёсат дар Созмони ҳамкории Шанхай аз Русия ба Тоҷикистон гузашт ва роҳбарони кишварҳои узви ин созмон дар шаҳри Душанбе ба ҳам оянд
Тибқи нақша, ҷаласаи ҷашнии Шӯрои Сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки ба 20-солагии таъсисёбии ин созмон рост меояд, соли 2021 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, хабар дод котиботи президенти Тоҷикистон.
Манбаъ таъкид кард, ки имрӯз дар пайи анҷоми Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, раёсат дар ин созмон аз Русия ба Тоҷикистон гузашт.
Нақшаи ҳамоиши президентҳо дар Душанбе дар ҳолест, ки имсол ҷаласаи роҳбарони давлатҳои узви СҲШ тариқи онлайн, таҳти роҳбарии Владимир Путин, президенти Русия баргузор гардид.
Президенти Тоҷикистон аз раёсати Русия тавсиф карда, изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон низ дар давраи раёсати худ дар Созмони ҳамкории Шанхай дар соли 2021 тамоми тадбирҳоро амалӣ менамояд, ки ҳамкории байнидавлатӣ дар доираи созмон ба марҳилаи наву босифат ворид гардида, чорабиниҳои нақшавии ин созмон, аз ҷумла ҷаласаи ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор карда шавад.
Дар кори ҷаласаи имсола сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, роҳбари Чин Си Ҷинпин, иҷрокунандаи вазифаи Президент, сарвазири Қирғизистон Садир Жапаров, сарвазири Покистон Имрон Хон, президенти Русия Владимир Путин, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, президенти Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, сарвазири Беларус Роман Головченко, президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Муғулистон Халтмаалгийн Баттулга ва Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Владимир Норов иштирок намуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ