Тоҷикистон содироти маҳсулоти кишоварзиро ба Русия зиёд кард
Содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Русия аз моҳи январ то сентябри соли ҷорӣ беш аз 30% афзуд.
Дар ин бора муовини вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Нигина Анварӣ ба нашрияи «Известия» хабар додааст.
«Ҳиссаи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми умумии тавозуни савдои хориҷӣ байни ду кишвар беш аз 70%-ро ташкил медиҳад. Ба ин тариқ, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия беш аз 30% зиёд шуд. Ҳамзамон воридот аз Русия ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ба андозаи 38% афзудааст»,- гуфт ӯ.
Аз ҷумла, интиқоли нахи пахта аз Тоҷикистон ба Русия 62%, сабзавоту мева — 47%, хушкмева — 60% ва зардолуи хушк — 2 баробар зиёд шудааст.
Анварӣ зикр кард, ки Тоҷикистон ба афзоиши содирот манфиатдор буда, ба пешниҳоди маҳсулоти гуногун омода аст ва даъват намуд, ки ҳамкорӣ дар ин самт фаъолтар шавад.
«Мо пешниҳод мекунем, ки як корхонаи муштарак таъсис дода шавад, то занҷираҳои мураккаби истеҳсоливу логистикии содироти маҳсулоти кишоварзӣ натанҳо ба Русия, балки ба бисёр кишварҳои дигар низ мунтазам сурат гирифта, истеҳсолкунандагони худӣ бо долонҳои содироти маҳсулот мувофиқи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо хароҷоти камтар таъмин шаванд»,- иброз дошт муовини вазир.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ